Ссылки доступа

Баъди обхезиҳо дар чанд минтақаи Қазоқистон вазъи фавқулода эълом шуд


Шоми 28 март дар шаҳри Оқтеппа ва се ноҳияи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон вазъи фавқулода эълом шудааст.

Пеш аз ин мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, 906 хонаводаеро ба ҷои амн куҷонанд, ки дар соҳиби дарёҳои Елек ва Каргалӣ зиндагӣ мекарданд.

Шоми 28 март 1193 кас, аз ҷумла 468 кӯдак аз соҳиби дарёи Илек кӯч дода шудааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ду обанбор - Саздин ва Оқтеппа аз об пур шудааст.

Пуршавии обанбори Оқтеппа барои тамоми шаҳр хатар дорад ва ба ин далел мақомоти Қазоқистон қисме аз оби обанборро холӣ кардаанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон субҳи 28 март хабар дода буд, ки давоми 24 соати ахир 1431 кас, аз ҷумла 312 кудак аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд.

Аз ҷумла, сокинони деҳаҳои Екидин, Аккисӣ, Кизилжулдиз, Жанакала ва баъзе аз минтақаҳои вилояти Костанай дар натиҷаи омадани сел кучонида шудаанд.

Ба иттилои вазорат, 297 хона зери об монда, чандин роҳ ва ду пули мошингузар тахриб гаштааст. Хатари омадани сел дар вилоятҳои Қазоқистони Ғарбӣ, Костанай, Акмолин ва Абайи Қазоқистон ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

Ҷустуҷӯи бедаракшудаҳо дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Аягози Қазоқистон идома дорад. Ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Абай, сокинони Карагаш барои кутоҳ кардани роҳи худ хостаанд, бо трактор аз рудхона гузаранд, вале дармондаанд. Наҷотдиҳандагон то ҳол онҳоро пайдо накардаанд.

Ҳамчунин ҷустуҷӯи ҷасади як марди дигар, соли таваллудаш 1977 дар Аягоз идома дорад. Ӯ 23 март бо асп дар рудхона ғарқ шудааст.

XS
SM
MD
LG