- Сафар ба Русия кам, вале бозгашт зиёд шудааст. Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст. Баъзе аз сафар ба Русия даст кашида, гурӯҳи дигар аз бимашон ба Тоҷикистон бармегарданд. (видео)
- Модари Муҳаммадсобир мегӯяд, "хатои писари маро такрор накунед". Бо гузашти чаҳор рӯз хонаводаи Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарон дар ҳамлаи хунин дар канори шаҳри Маскав дар бораи фарзандашон бо хабарнигорони Радиои Озодӣ суҳбат кард. Бубинед, модараш чӣ мегӯяд (видео)
- Нақли ҳамсари Саидакрам, яке аз муттаҳамони ҳамла. Саидакрам Раҷабализода, яке аз муттаҳамон ба ҳамла дар Крокус кист ва кай ба Русия рафт. Радиои Озодӣ бо ҳамсари ӯ сӯҳбат кард. (видео)
- "Мо ҳам дар ташвишем, бачаи мо ҳам дар Русия аст". Ҳамлаи хунин ба Крокус бештар аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонро нигарону мушавваш кард, чун бисёриҳо як фарзанде ё азизе дар Русия доранд. Умдатан баъди ҳаргуна хабари баде дар бораи тоҷикон дар Русия озору азияти онҳо зиёд мешавад (видео)
- Назарҳо аз хориҷ ба ҳамла дар Маскав. Кори кӣ буд? Дар хориҷ аз Тоҷикистон вокунишҳо ба эҳтимоли даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунин дар вилояти Маскав зиёд аст. Радиои Озодӣ назари чанд нафарро дар ин робита пурсид. (видео)
- Салом, хоҳар. Чаро баъзе аз кӯдакон бемор таваллуд мешаванд? Дар барномаи имрӯз аз муҳимтарин масъалаи оилаҳо дар Тоҷикистон суҳбат мекунем. Таваллуд, замони бордорӣ ва мушкилоте, ки баъдан сабаби таваллуди тифли норасид, бемор ва ё кундзеҳн мешавад. Табибон мегӯянд, чӣ бояд кард, то тифл солиму тандуруст ба дунё биёяд ва бузург шавад (видео)
- Қимати оби полезӣ дар Тоҷикистон боло рафт. Дар Тоҷикистон нархи як метри мукааб оби полезӣ 150 дарсад боло рафтааст. Агар деҳқонон то охири моҳи январи имсол барои оби полезӣ ҳамагӣ 2 дирам мепардохтанд, аз моҳи феврал дигар 5 дирам месупоранд. Акнун деҳқонон ҳайрону нигарон шудаанд. (видео)
- Худойназар - посдори ҳунари қадимаи тоҷикӣ. Қуроқдӯзӣ ё порчадӯзӣ аз гузаштаҳо дар байни мардуми дунё ривоҷ ёфт буд. Ин ҳунар дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зинда аст. Худойназар Ҷабборов аз Қубодиён беш аз 30 сол боз қуроқдӯзӣ мекунад. Ҳунари ӯ бештар манзили навхонадоронро оро медиҳад. Мегӯяд, сокинон ӯро бо ин ҳунараш эҳтиром мекунанд. (видео)
- Таҷлили Наврӯз дар Душанбе. (аксҳо)
- Дасти ҷосусони Русия дар Аврупо дароз шудааст? Коршиносон мегӯянд, ҷосусони рус дар кишварҳои аврупоӣ дубора фаъол шудаанд. Чанде пеш дар Испания як халабони русро куштанд, ки бо чархбол ба Украина фирор карда, таслим шуд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ӯро ҷосусони рус аз байн бурдаанд. (видео)
- Чаро дигар додрасҳои Суғд касеро бегуноҳ эълон намекунанд? Додрасҳои вилояти Суғд баъди боздошту зиндонӣ шудани як ҳамкасбашон, ки бо “ҳукми сафед”-аш маъруф гаштааст, дигар чунин ҳукмеро содир накардаанд. Рустам Саидаҳмадзода, додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2021 як сокини ҳамин ноҳияро “бегуноҳ” эълон кард ва андак баъд худаш ҷазо гирифт. (видео)
- Дар Тоҷикистон доир ба "пирӯзӣ"-и Путин чӣ мегӯянд? Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз Путинро табрик гуфт ва пирӯзии ӯро "ғолибияти баҳснопазир" номид. Русия мизбони бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст ва ду кишвар ҳамкориҳои зич доранд. Мондани Владимир Путин дар қудрат барои Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад.
- Маҳсулоти пастсифатро кӣ ба Тоҷикистон меорад? Дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти пастсифат ва ё маводи ғизоии муҳлати истеъмолаш сипаришуда ҳамеша байни муштариёну фурӯшандагон ҷанҷолу даъво барагехтааст. Вале суоли асосӣ ин аст, ки чигуна, масалан рӯған, орд ва ё маводи ғизоие, ки дигар набояд онро хӯрд аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешавад. (видео)
- "Мехоҳам, одами муфиде барои ҷомеа бошам". Дар ноҳияи Шаҳритус зани нобиное танҳо зиндагӣ мекунад, ки орзуи содда, вале муҳиме дорад. Орзуяш ин аст, ки битавонад мисли замони биноиаш дар ҷое коре ёбад ва барои ҷомеаву атрофиёнаш фарди муфиде бошад (видео)
- Яке аз дастаҳои беҳтарини Тоҷикистон пароканда шудааст. Дастаи футболи "Файзканд" дар ноҳияи Восеъ, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд, пароканда шудааст. Бозигарони даста ва масъулони ин бошгоҳи футбол мегӯянд, далели пош хӯрдани даста наёфтани сарпараст аст (видео)
- "Бухоро дубора вайрон мешавад". Вайрон кардани баъзе аз биноҳо дар бахши таърихии шаҳри Бухоро баҳсбарангез шуд. Намояндагони ҳукумати Узбекистон онро ба бунёди Маҷмааи сайёҳии "Бухорои боқӣ" рабт доданд (видео)