Ссылки доступа

Русия то ҳол ҷасади қазоқистониҳои кушташударо надодааст


Русия ҷасади ду шаҳрванди Қазоқистон Собит Аширалиев ва Ҷонибек Таскуловро, ки дар натиҷаи як амалиёти ФСБ кушта шуда буданд, то ҳол ба наздиконашон надодааст.

"Ягон хабар нест. Ҷуз мунтазир мондан, дигар чорае нест", - изҳор дошт бародари Аширалиев дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Хоҳари Ҷонибек Таскулов Ойгерим мегӯяд, "агар бародари ман гуноҳ кардааст, бигузор гуноҳашро собит кунанд ва вақте ӯ дигар зинда нест, бигузор ҷасадашро ба мо диҳанд".

Дар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баргардонидани ҷасади Аширалиев ва Таскулов кори Кумитаи амнияти миллии он кишвар аст.

Дар натиҷаи тирпаронӣ бо маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Калуга субҳи 7-уми март ду шаҳрванди Қазоқистон кушта шуд.

Канали "ASTRA" дар паёмрасони Телеграм навишта, ки шаҳрвандони 35-сола ва 32-солаи Қазоқистон 28-уми феврали имсол вориди Русия шуда, гуё мехостанд дар ин кишвар ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.

Манбаъ онҳоро узви "Вилояти Хуросон", як шохаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" номидааст.

XS
SM
MD
LG