"Дар барномаи сафари президенти Қазоқистон чанд мулоқот бо роҳбарони Чин, роҳбарони созмонҳои хориҷӣ ва ширкатҳои бузурги чинӣ дар назар аст", - омадааст дар хабари маркази матбуотии президенти Қазоқистон.
Тоқаев ахиран бо раиси ҳукумати ноҳияи худмухтори Шинҷон-Уйғури Чин Эркин Тунияз дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқот кард.
Дар ин мулоқот Тоқаев гуфт, ҳамкорӣ бо Чин барои Қазоқистон "манфиатовар ва муҳим аст".
Форуми осиёии солонаи Боао, ки онро "Давоси осиёӣ" ҳам меноманд, 26 март шуруъ шуд ва қарор аст, чаҳор рӯз давом кунад. Мулоқот дар шаҳраки Боаои вилояти Хайнани Чин мегузарад.