Худи Азим Рой, баъди марги соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев, аз моҳи ноябри соли 2023 дар пайгард қарор дорад. Он замон мақомоти Қирғизистон Азим Ройро "падари маънавӣ"-и Колбоев унвон карда буданд.
Ба иттилои тафтишот, Колбоев ва Рой ду ширкат таъсис дода, қитъаҳои заминро дар Бишкек ба номи ширкатҳо навишта ва дар онҳо биноҳои тиҷорӣ бунёд кардаанд. Тафтишот мегӯяд, даромади ин биноҳоро ба номи наздиконашон, аз ҷумла ба номи ҳамсари Рой - Н.З.Х. - сабт кардаанд. Нисбати ҳамсари Рой бо айби қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Соҳибнуфузи ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон кушта шуд. Баъди он мақомоти Қирғизистон гуфтанд, даҳҳо узви гуруҳи муташаккили ҷиноии Колбоевро боздошт ва ҳабс карданд. Мақомот онҳоро дар сармоягузории олами ҷиноӣ айбдор мекунанд.