Ссылки доступа

Молики бозори "Мадина"-и Бишкек озод шудааст


Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек ҳукми ҳабси пешакии вакили пешини порлумон, молики бозори "Мадина"-и шаҳри Бишкек Турсунтой Салимовро тағйир дод.

Хадамоти матбуотии додгоҳ 25 март иттилоъ дод, ки Салимов ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст. Тасмим бо дархости муфаттишони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гирифта шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 4 октябри соли гузашта хабар дода буд, ки Салимов дар "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва ё иштирок дар он" айбдор мешавад.

Ин ниҳод гуфт, вакили пешини порлумон гӯиё дар бархе маврид аз робитаҳояш бо гуруҳи ҷиноӣ барои "тарс додани рақибон ва афроди дигар, бо ҳадафи ғасби тиҷорат ва дороии онҳо, истифода мекард".

Турсунтойи 67-сола вакили порлумони Қирғизистон, даъвати панҷум буд. Ӯ солҳои 1990-ум бозори "Мадина"-ро дар Бишкек таъсис дода буд. Гуфта мешавад, ӯ қудои соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев аст, ки 4 октябр дар натиҷаи як амалиёт дар Қирғизистон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG