Ссылки доступа

Девони вазирони Қирғизистон пешниҳод кардааст, барқ гаронтар шавад


Девони вазирони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки арзиши неруи барқ дар ин кишвар аз моҳи майи имсол гаронтар шавад.

Лоиҳаи қарори девон дар ин замина барои баррасии умум алакай пешниҳод шудааст.

Девони вазирони Қирғизистон бо ин қарор мехоҳад барои неруи барқ на аз моҳи июн, балки аз моҳи майи имсол тарифи нав ҷорӣ карда шавад.

Дар қарор ҳадаф аз боло бурдани қимати барқро ба даст овардани маблағи иловагӣ барои рӯйпӯш кардани касри соҳаи энергетика гуфта шудааст.

Вазорати энергетикаи Қирғизистон дар шарҳи пешниҳод гуфтааст, арзиши барқ бо назардошти сатҳи таваррум гарон карда мешавад ва эҳтимол он 10 дарсадро ташкил диҳад.

Дар Қирғизистон соли гузашта низ қимати барқро боло бурда буданд. Дар ин кишвар дар ҳоли ҳозир як киловатт-соат нерӯи барқ 1 соми қирғизӣ арзиш дорад. Барои хонаводаҳои ниёзманд як киловатт-соат 0,5 сом ҳисоб карда мешавад.

XS
SM
MD
LG