Ссылки доступа

Дар Бухоро як автобус бо 27 хонандаи мактаб чаппа шуд - як хонанда фавтид


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Нимарӯзии 18 март дар ноҳияи Когони вилояти Бухорои Узбекистон автобуси ҳомили хонандагон чаппа шуд ва дар натиҷа як хонанда фавтид.

Хонандагон ба театри мусиқӣ-драмавии Бухоро мерафтанд, ки ин ҳодиса рух додааст.

Дар натиҷаи садама як хонандаи синфи 9 ҷароҳат бардошта, дар беморхона фавтидааст. Ба боқимондаҳо кумаки фаврии тиббӣ расонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG