Ссылки доступа

Додгоҳе дар Қирғизистон бастани сомонаи "Клооп"-ро дар он кишр ғайриқонунӣ донист


Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарори вазорати фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони он кишварро оид ба маҳдуд кардани сомонаи хабарии "Клооп" ғайриқонунӣ донист.

Дар ин бора "Клооп" 18 март хабар дод.

Вакили мудофеи расона Нурбек Сиддиқова гуфт, дар сурате, ки агар зинаҳои болоии додгоҳ қарори дигар содир накунанд, сомонаи "Клооп" бояд дубора дастрас шавад. Вай гуфт, қарори додгоҳ дар робита ба боз кардани сомона танҳо ба саҳифаи русии "Клооп" рабт дорад.

Саҳифаи русии сомона моҳи сентябри соли 2023 баста шуд ва саҳифаи қирғизии он моҳи ноябр.

Пештар аз ин Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) ба ҷонибдорӣ аз расонаи мустақили Kloop изҳорот нашр ва аз мақомоти Қирғизистон даъват карда буд, ки ба фаъолияти он иҷозат диҳанд.

Изҳороти CPJ баъди он нашр шуд, ки додгоҳ қарори барҳам додани Бунёди иҷтимоии Kloop Media, бунёдгузори расонаи мустақили "Kloop"-ро баровард.

Ба гуфтаи масъулони CPJ, баста шудани иҷбории "Kloop" аз нияти мақомоти Қирғизистон барои "маҳви маркази таҳқиқоти рӯзноманигорӣ, ки қаблан ин кишварро аз ҳамсояҳои худкомааш фарқ мекунонд, нишон медиҳад".

Ҳамоҳангсози барномаҳои созмон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Гулноза Саид гуфта, ки мақомоти Қирғизистон бояд иҷозат диҳанд, то расона фаъолияташро идома диҳад.

Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 9-уми феврал бо талаби Додситонии пойтахти Қирғизистон дар бораи барҳам додани Бунёди иҷтимоии Kloop Media қарор бароварда буд.

Додситон Эмилбек Абдуманнофов тобистони соли 2023 иддао карда буд, ки матлабҳои Kloop “рӯҳияи манфӣ” доранд ва ҳадафашон “бадном кардани мансабдорон аст”.

Масъулони Kloop Media гуфтанд, бо қарор розӣ нестанд ва ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Сомонаи Kloop бо талаби Вазорати фарҳангу иттилоот, варзиш ва ҷавонони Қирғизистон аз моҳи сентябри соли 2023 дар ин кишвар дастнорас аст. Сабаби ин тасмим матлабе “дар бораи шиканҷаи фаъолони сиёсии мухолиф” гардид.

XS
SM
MD
LG