Ссылки доступа

Қатли бонкдори тоҷик. Эълони ҳукми Дилшод Саидмуродов ва ҳамроҳонаш


Акси Дилшод Саидмуродов, Бахтовар Сафаров ва Акбар Аҳмадов
Акси Дилшод Саидмуродов, Бахтовар Сафаров ва Акбар Аҳмадов

Додгоҳи олии Тоҷикистон панҷ касро барои рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк” ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳукм рӯзи 18-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе содир шудааст. Дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо гуфт ҷузъиёти онро дертар ироа мекунад.

Ду манбаи аз ҳам ҷудо рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас

  • Дилшод Саидмуродов (Дилшоди СБ);
  • Қамар Азизов;
  • Акбар Аҳмадов;
  • Бахтовар Сафаров ва
  • Шоҳрух Хӯҷаевро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, амволи баъзе аз онҳо, аз ҷумла Дилшод Саидмуродов мусодира мешаванд. Пайвандони Саидмуродов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ норозианд.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, нуҳ каси дигар бо иттиҳомҳои гуногун, аз ҷумла хабар надодан дар бораи ҷиноят аз 1 то 8 сол зиндонӣ шудаанд.

Муҳокимаи муттаҳамон дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев дар аввали моҳи январи имсол аз тарафи додраси Додгоҳи олӣ оғоз шуд. Мурофиаҳо дар Боздоштгоҳи муваққатӣ гузаштанд ва барои ҳамин гирифтани иттилоъ дар бораи он чӣ дар дохил мегузарад, мушкил буд.

Шӯҳрат Исматуллоев
Шӯҳрат Исматуллоев

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи феврали имсол ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, дар робита ба рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев ба зидди 18 кас парванда кушодаанд. Аз инҳо 14 нафар дар курсии айбдорӣ нишастаанд, ду нафарашон дар кофтукоб ва ду гумонбари дигар фавтидаанд.

Ба иттилои расмӣ Шӯҳрат Исматуллоевро 23-юми июни соли 2023 аз назди хонааш дар шаҳри Душанбе рабуда, баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд. Ҷасадашро 13-уми август аз дарёи Зарафшон ёфта, дар Душанбе дафн карданд. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ 15-уми феврал гуфт, ангезаи ин ҳодиса пул аст.

Рабудан ва қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", ки раҳбараш Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон аст, яке аз қазияҳои пурсарусадо дар соли 2023 буд.

Ин қазия ба сабаби наздикии Шӯҳрат Исматуллоев бо хонаводаи президент шубҳаву гумон ва фарзияҳои зиёдеро ба миён овард, вале молики "Ориёнбонк" расман ҳеч гуна шарҳ ё раддияе нашр накардааст.

XS
SM
MD
LG