Ба иттилои кумита, ахиран дар ин ниҳод бо иштироки мудирони бемористонҳои хусусии Қирғизистон ҷаласае баргузор карда шудааст.
Моликони "Юнит-Реактив Фарма", "Медипол", "Томэкс", "Шаншуй Силк Роуд Кейджи", "Альфа МЕД-ЛТД", "Берди", "Медипарк", "Гульмед", "Систем Озел Тыбби Йатырымлар ве Тиджарет", "Юрфа", "Авиценна", "Меди" ва "Веданта" баъди ҷаласаи мазкур арзиши томографияро поин бурдаанд.
Қаблан масъулони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон чунин ҷаласаро бо намояндагони озмоишгоҳҳо баргузор карда буданд. Дар Кумита гуфтанд, арзиши озмоишҳо дар 11 бемористон то 30 дарсад арзон карда шуд.