Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон рӯзи 18 март хабар дод, ки аз ин ба баъд рафтани ин гуруҳи афрод ба қиморхонаҳо бо хоҳиши худашон ба муҳлати муайян маҳдуд карда мешавад.
Дархости маҳдуд кардани рафтан ба қиморхонаҳо тавассути барномаи мобилии "eGov" ва бо истифода аз муҳри шахсии электорнӣ гузошта мешавад.
Баъди дархост номи дархосткунанда ба рӯйхати шахсоне ворид мешавад, ки "иштироки онҳо дар қиморбозӣ манъ аст".
Муҳлати ин маҳдудият аз 6 моҳ то 1 сол аст. Дархост бозхонд намешавад. Тамдиди он имкон дорад.
Қаблан мақомоти Қазоқистон ингуна дархостро танҳо хаттӣ қабул мекарданд ва баррасии он то 8 рӯзи корӣ идома мекард.