Расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар натиҷаи садама дасти кам 7 мусофир осеб дида, як кас дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Алтай, ҳодиса 17 март дар ҳудуди деҳаи "Гришковка"-и вилоят рух додааст.
Дар дохили автобус 56 кас, ду ронанда ва 54 мусофир қарор доштааст. Манбаъ дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани мусофирон чизе нагуфтааст.