Ссылки доступа

Як узбекистонии дар пайгардбударо дар Қирғизистон боздошт карданд


Дар вилояти Ӯши Қирғизистон як шаҳрванди Узбекистонро боздошт карданд, ки бо гумони тундгароӣ дар пайгард эълом шуда буд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, Ш.Т., 51-сола ҳангоми чораҳои фаврии мақомот боздшот шудааст.

"Зодаи вилояти Андиҷони Узбекистон ҳамчунин ба хотири сӯиқасд ба сохти конститутсионии кишвар дар пайгард буд", - омадаст дар хабари КДАМ.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки шаҳрванди Узбекистонро ба он кишвар истирдод мекунанд ё на.

XS
SM
MD
LG