Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса нимарузи 14-уми март дар мавзеи Норинг, байни деҳаҳои Хостав ва Жаги ҷамоати деҳоти Нулванд рух додааст.
Дар пайи бархӯрди сабукрави "Тайота-Ландкрузер" мутааллиқ ба ташкилоти ҷамъиятии "Барги сабз" бо мошини борбари навъи "Шакман", худи ронанда ва се мусофири он дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, як нафар ҷароҳат бардоштааст.
Қурбониёни ин ҳодиса аз Душанбе, Хоруғ, Шуғнон, ва Данғара будаанд. Мусофире, ки ҷароҳат бардоштааст, ҳоло дар бемористои маркази ноҳияи Дарвоз бистарӣ мебошад.
Ин мошин дар роҳ аз Душанбе ба тарафи шаҳри Хоруғ будааст. Дар ташкилоти ҷамъияти "Барги сабз" ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайат бо маъмурияти корӣ ба Бадахшон сафар карда буд. Онҳо чандин тарҳро дар бахши муҳити зист дар ноҳияи Бадахшон амалӣ мекунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки ронандаи мошини сабукрав ба самти муқобили роҳ баромада, бо бошини борбар бархӯрдааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқотро оғоз кардааст.
Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро мақомот як омили аслии садамаҳо дар кишвар медонанд. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, дар роҳҳои кишвар рӯзе то се нафар кушта мешавад.
Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Дарвоз чаҳор корманди як созмони ҷамъиятӣ ба ҳалокат расиданд.