Ссылки доступа

Муаллифи сериоли "Қавли ҷавонмард" ба Тошканд сафар мекунад


Кадр из сериала «Слово пацана. Кровь на асфальте»
Кадр из сериала «Слово пацана. Кровь на асфальте»

Моҳҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ибораҳое аз сериоли русиягии "Қавли ҷавонмард" ("Слово пацана") серистеъмол гардидааст. Ҳолатҳои тақлид ба қаҳрамони асосии сериол афзудааст.

Ин сериол, ки охири соли 2023 нашр шуд, дар бораи гуруҳҳои кӯчагӣ ва гуруҳбозӣ қисса мекунад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин филм "маҳз ба хотири бори дигар президент интихоб шудани Путин" сабт шудааст ва ба ин далел дар чанде аз кишварҳо намоиши он манъ шудааст.

Муаллифи ин сериол Андрей Золотарёв рӯзи 19 март ба пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд сафар мекунад.

Ин сериолро дар Узбекистон на танҳо манъ накарданд, балки бо забони узбекӣ тарҷума кардаанд.

Бархе аз фаъолони узбекистонӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки омадани муаллифи сериоли мазкур метавонад, ба тафаккури ҷавонони узбекистонӣ таъсири манфӣ расонад.

XS
SM
MD
LG