Ба навиштаи расонаҳо, Шаҳбоз Шодиев, соли таваллудаш 1990, бо гумони қаллобӣ, азхудсозии молу мулки ғайр, тақаллуби аснод ва истифодаи асноди тақаллубӣ дар пайгард эълом шуда буд.
Марди дигар - Шаҳбоз Сатимбоев, соли таваллудаш 1997, бо гумони қаллобӣ, ғайриқонунӣ дарёфт кардани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим ҷустуҷӯ мешуд.
Ин ду нафар соли 2023 дар Озарбойҷон боздошт шуда буданд. Мақомоти Озарбойҷон ахиран онҳоро ба Узбекистон истирдод кардаанд.