Ссылки доступа

“Гурӯҳи 24” мегӯяд, раҳбараш дар Туркия бенишон шудааст


Суҳроб Зафар
Суҳроб Зафар

Масъулони "Гурӯҳи 24", ҷунбиши мухолифи фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки раҳбари он Сӯҳроб Зафар ду рӯз боз бедарак аст. Вай дар Туркия қарор дошт.

Дар як моҳи охир ин намояндаи дувуми “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Туркия нопадид мешавад. Дар моҳи феврали имсол намояндаи "Гурӯҳи 24" Насимҷон Шарифови 39-сола дар Истанбул бедарак шуд. То ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест.

"Гурӯҳи 24" рӯзи 11-уми март дар изҳороте навишт, "Сӯҳроб Зафар аз субҳи даҳуми март дар тамос нест. Телефонаш низ хомӯш аст. Дар куҷо буданаш маълум нест."

Дар идомаи изҳорот гуфтаанд, раҳбари ҷунбиши сиёсии мухолиф солҳои охир дар Туркия пайваста "навиштаҳои таҳдидомез мегирифт", ки "ба зудӣ кушта ва ё рабудаву ба Тоҷикистон бурда хоҳад шуд".

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани тафсилот аз манобеи дигар то ин дам даст надод.

Сӯҳроб Зафар дар моҳи октябри соли 2014 аз Тоҷикистон ба Туркия кӯчид ва аз он вақт то ҳоло дар онҷо мезист. Вай чанд дафъа дастгир, аммо озод шуда буд.

Ҳоло ҳамсафонаш тахмин мезананд, ки эҳтимол ӯ рабуда шудааст. “Талоши мо барои пайдо кардани Суҳроб Зафар то ҳол бенатиҷа буд. Дар сурати пайдо накардани роҳбари ҳаракат чораҳои зарурии дигарро низ меандешем,” -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Туркия макони зисти гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст, вале ин кишвар ҳамзамон аз шарикони тиҷоратии Дугшанбе ба шумор рафта, дар бозорҳои кишвар хариди молу маҳсулоти туркӣ зиёд ба назар мерасад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи январи соли 1992 барқарор шудааст.

Тоҷикистон дар солҳои охир бо дархости Туркия литсейҳои вобаста ба Фатҳулло Гулен, рӯҳони турк ва мухолифи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро баст ва камаш ду намояндаи ин созмонро ба Анкара таслим кард.

XS
SM
MD
LG