Маркази таҳқиқотии ба номи Яна Кутсяка (ICJK) дар Братислава 11 март муроҷиатномаи видеоии кормандони воситаҳои ахбори омми Чехия, Словакия, Лаҳистон, Маҷористон ва Эстонияро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр кард. Дар ин рӯз ба иқдоми марказ муфаттишон аз як қатор кишварҳои дигар низ пайвастанд.
Онҳо гуфтанд, вазъи озодии баён дар Қирғизистон, ки солҳои ахир бад мешавад, бо вазъ дар Русия шабоҳат дорад.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ба ин иқдом рӯзноманигорони Қазоқистон ва Арманистон низ пайвастаанд.
Мақомоти Қирғизистон дар моҳи феврал ду рӯзноманигорр - Батмакан Жолболдуева ва Эрмек Аттокуровро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд. Пештар, дар моҳи январи имсол якбора 11 рӯзноманигор боздошт ва ҳабс шудаанд.