Ссылки доступа

Дар донишгоҳе дар Қазоқистон ба баргузории маъракаи бахшида ба Рӯзи занон иҷоза надоданд


Дар донишгоҳи ба номи Сулаймон Демирел ба донишҷӯёни иҷоза надоданд, ки бахши ба Рӯзи занон роҳпаймоӣ ташкил кунанд.

Яке аз донишҷӯдухтарон гуфт, тавассути роҳпаймоӣ мехостанд, садои худро расонанд ва ба масоили марбут ба ҷинсият ишора кунанд.

"Мо мехостем, ба тамоми дунё расонем, ки 8 март - ин рӯзи тақдими гулдаста ва баргузории консертҳо нест. Мо мехостем, аз ҳар кадом зане ҳимоят кунем, ки хушунат дидааст. Донишгоҳ ба мо ин иҷозаро надод", - гуфт донишҷӯдухтар ба шарти ифшо нашудани номаш.

Пештар аз ин расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки дар донишгоҳи Назарбоеви он кишвар низ иҷозаи баргузории чорабинии бахшида ба 8 мартро надодаанд.

XS
SM
MD
LG