Ссылки доступа

Боздошти 33 кас дар Туркия бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ


Пулиси Туркия 33 нафарро бо гумони ҳамкори бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ва эҳтимоли омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар остонаи интихоботи ин кишвар боздошт кардааст.

Қарор аст рӯзи 31 уми март дар Туркия интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шавад. Пулис гуфт, зимни амалиёти вижа дар минтақаи шимолу ғарби Туркия силоҳ ва пулу санадҳои шубҳанок ошкор шудаааст.

Вазири корҳои дохилаи Туркия, Алӣ Ерликай, гуфтааст: “Мо ягон террористро таҳаммул намекунем. Мо бо талоши низомиён муборизаро беист идома медиҳем.”

Ба таъкиди ӯ, афроди боздоштшуда тавассути масҷидҳои ғайрирасмӣ ва мактабҳои диннӣ ба гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” ё ДОИШ кӯмаки молӣ мекарданд.

Дар 10 соли ахир Туркия шоҳиди чандин ҳамлаҳои маргбори вобаста ба гурӯҳи тундрави ДОИШ шудааст. Моҳи январи имсол дар ҳамлае дар калисои Истамбул, як нафар кушта шуд. Ҳамчунин ин гурӯҳи тундрав дар марги беш аз 100 ва захмӣ шудани даҳҳо нафари дигар дар ҳодисаи соли 2015, дар Анқара гунаҳкор дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG