Ссылки доступа

«24 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа амали террористӣ анҷом додааст». Паёми Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи Рамазон


Кохи Ваҳдат, 9 март, Душанбе.
Кохи Ваҳдат, 9 март, Душанбе.

Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 март гуфт,  дар се соли гузашта 24  шаҳрванди Тоҷикистон «дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд».

Вай афзуд, ин амалҳо «аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳо тарҳрезӣ мешаванд ва онҳо аз бемаърифативу бетаҷрибагӣ ва ноогоҳии баъзе ҷавонон" сӯиистифода мекунанд.

Ӯ аз ҳодисаҳои ҷудогона ном набурд, вале дар чанд соли охир аз ширкати эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ташкил ё ҳамдастӣ ба амалҳои террористӣ дар хоки Эрон, Олмон, Туркия ва дигар кишварҳо хабарҳо нашр шудааст.

Ин нуктаро президент Раҳмон дар остонаи моҳи Рамазон дар Душанбе дар ҳузури мақомот ва ходимони дин изҳор дошт. Дар ин ҷаласае, ки дар Кохи Ваҳдат баргузор шуд, ӯ аз тамоюли афзояндаи сокинони Тоҷикистон ба тақво, афзоиши шумори ҳоҷиён, даст ба амалҳои террористӣ задани шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ва мавзӯъҳои дигар суҳбат кард.

Дар ҳоле, ки мунаққидон ва ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро барои шадидан маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабиву анҷоми фаризаҳои динӣ, бастани масҷидҳову манъи намозгузории то 18-солаҳо ва манъи таҳсили динии наврасон танқид карда инро поймолкунии озодиҳои эътиқод меноманд, Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати ҳукуматаш дифоъ кард.

Аз ҷумла, ӯ дар изҳороташ гуфт, «дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд». Ӯ афзуд, «дар Тоҷикистон ба 2000 шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор аст». Ӯ гуфт, «дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона доранд».

Ин дар ҳолест, ки дар гузориши Комиссиюни ИМА оид ба озодиҳои динӣ ва ҳам пойгоҳи таҳқиқоти озодиҳои динии "Форуми 18" моҳи январи имсол аз мавридҳои нақзи ҳуқуқҳои диниву эътиқодии камшуморон ё ақаллияти мазҳабии исмоилиён дар ВМКБ изҳори нигаронӣ шуд. Аз ҷумла ин пойгоҳ гуфт, ки мақомот дар пайи ҳаводиси моҳи майи соли 2022 ҳамаи хонаҳои намозгузорӣ дар минтақа ва Маркази таълимии исмоилиро, ки соли 2018 дар Хоруғ боз шуда буд, бастанд. Инчунин маҳдудиятҳои мисли манъи хондани намози ҷумъа дар хона ва баргузории маҳфилҳои фарҳангиву мазҳабӣ дар ҷамоатхонаҳои Душанбеву Хоруғ ҷорӣ шуд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз равияи «Салафия» ва Гурӯҳи «Давлати исломӣ» чун созмонҳои террористии хатарнок барои амнияти давлат ва мафкураи ҷавонон ёдовар шуд. «Аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд», гуфт ӯ. Ӯ инчунин гуфт, бо вуҷуди ин ки ин созмонҳо мамнӯъ мебошанд, аз соли 2015 то имрӯз зиёда аз 2300 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба «Салафия» гароидаанд ва дар байни онҳо имомхатибони бархе аз масҷидҳо ҳам мебошанд. Санҷидани дурустии ин иттиҳомот бо роҳҳои мустақил сахт аст, вале ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон фаъолияти имомхатибон ва ҳам ҷараёни ба кор қабул шудани онҳоро давлат танзим ва назорат мекунад, имомхатибон бо маоши ҳукумат кор мекунанд.

Дар суханронии худ президент инчунин ба ҷузъиёти як ҳамлаи террористӣ дар соли 2019 рӯ овард, ки мақомот дар бораи он то ҳол зиёд маълумот надодаанд. Ӯ гуфт, аксари «аъзои гурӯҳи террористие, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи «Ишқобод»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, 6 хидматчии ҳарбиро ба ҳалокат расониданд, қаблан дар дохил ва хориҷи кишвар таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифта буданд».

Ӯ дар идома гуфт: «Дар ҷараёни ин ҳуҷум яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноятии мазкур – зани калонсол сарбози дидбонгоҳро, ки ба ӯ бинобар зан – модари солхӯрда буданаш бовар карда, бе силоҳ ба наздаш омада буд, бо корд ба ҳалокат расонид. Тасаввур кунед, ки пиразани 70-сола гӯё набераи худашро ба қатл расонид. Ҳадафи ин гурӯҳ ба даст овардани силоҳ ва қатли ом кардани аҳолии осоишта, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе буд», гуфт президент Раҳмон. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ба баргузории як таҳқиқи мустақилонаи он ҳодисаи асроромез имкон надода буданд.

Ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон шаби 6-уми ноябри соли 2019 рух дод. Мақомот гуфтанд, ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд". ДОИШ низ он замон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифта буд.

XS
SM
MD
LG