Бино ба тағйироти нав, акнун ҷарима барои кашидани сигор дар ҷойҳои мамнуъ 3000 сом (33,5 доллар) пешбинӣ шудааст. Пештар ин ҷарима 1000 сом (11 доллар буд).
Ҷарима барои фурӯши сигор ба кӯдакон 10 ҳазор сом (наздики 112 доллар) барои шахсони воқеӣ ва 35 ҳазор сом (391 доллар) барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Дар қонуни нав кашидани сигор, қалён ва сигорҳои электронӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба истиснои маконҳои махсус ҷудошуда, манъ аст. Маконҳои махсус ҷудошуда бояд:
- дар ҳудуди коргоҳ ва дохили бинои коргоҳ;
- дар фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан ва автовокзалҳо ҷойгир шаванд.
Ҳамзамон қонун вазифадор мекунад, ки маконҳои махсус ҷудошуда бояд ба талаботи тозагӣ ҷавобгӯ ва василаҳои зидди сухтор дошта бошанд.