Ссылки доступа

Дар Қазоқистон пулис хонаи як ҳомии ҳуқуқро бозҷӯӣ кардааст


Маъмурони пулиси вилояти Қарағандаи Қазоқистон хонаи раиси созмони ҳуқуқи башари Авруосиё Жаслан Айтмаганбетовро бозҷӯӣ кардаанд.

Айтмаганбетов дар нишастаи хабарии онлайнӣ, ки бо ташаббуси созмони ҷамъиятии "Кадір-қасиет" ва Эътилоф оид ба масъалаҳои амният ва ҳимояти ҳомиёни ҳуқуқ баргузор шуд, дар ин бора хабар дод.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, пулиси Қарағанда дар робита ба як ҳолати қаллобӣ парванда боз крдааст ва дар ҳоли ҳозир ӯ дар доираи он ҳамчун шоҳид иштирок дорад. Маъмурони пулис дар пайи бозҷӯии манзили зист телефон, ноутбук ва баъзе аз санадҳои ҳомии ҳуқуқро бо худ бурдаанд.

"Ҳудуди 30 корманди пулис хона, коргоҳ ва манзили зисти як коргарамро бозҷӯӣ кардан. Гуфтанд, ки телефон, "флешка" ва ноутбукамро мекобанд. Ҳамаашро додам. Вале бозҷӯиро идома дода, китобҳои динӣ, аз ҷумла китоби Қуръон ва як китоби Библияро, ки ба коргари собиқам тааллуқ дошт, бо худ бурданд. Ҳатто сипоснома аз сафорати Фаластинро низ гирифтанд", - изҳор дошт вай.

Дар пулиси Қарағанда ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қазияро дертар шарҳ медиҳанд. Айтмаганбетов вақтҳои охир шикоят мекард, ки афроди ношинос ба ӯ таҳдид мекунанд.

XS
SM
MD
LG