Ссылки доступа

Амрико муҳлати визаи корӣ ва сайёҳиро барои қирғизистониҳо дароз кард


ИМА аз 4 март муҳлати раводид (виза)-и корӣ ва сайёҳиро барои шаҳрвандони Қирғизистон аз 5 то ба 10 сол тамдид мекунад.

Дар сафорати ИМА дар шаҳри Бишкек гуфтанд, ки ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон аз пардохти маблағ дар ҳаҷми 20 доллари амрикоӣ барои дарёфти раводидҳои "B1", "B2" ва "B1/B2" озод мешаванд.

"Ин тағйирот комилан ба беҳбуди хидматрасонӣ барои шаҳрвандони Қирғизистон, содда кардани сафарҳо миёни ду кишвар ва таҳкими робитаҳо равона шудааст", - изҳор доштааст Лесли Вигерӣ, сафири ИМА дар Қирғизистон.

Тағйирот танҳо ба раводидҳое дахл дорад, ки баъди 4 марти имсол дода мешаванд.

Расонаҳо қаблан хабар доданд, ки мақомоти Қирғизистон бо ҳамтоёни амрикоии худ роҷеъ ба дароз кардани муҳлати раводидҳои корӣ ва сайёҳӣ гуфтугӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG