Ссылки доступа

Заминларзаи беш аз 5-баллӣ дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон 4 март заминларза ба қайд гирифта шудааст, ки иқтидори он дар марказ наздики 6 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи сейсмологии Академияи миллии илмҳои Қирғизистон, манбаи заминларза дар 35-километрии шимолу ғарби шаҳри Чолпонотаи вилояти Иссиқкӯл воқеъ будааст.

Шиддати заминларза дар марказ 5,8, шаҳрҳои Чолпонота 4,5 балл, Қоракӯл 3,5 балл ва Бишкек 4 балл гуфта мешавад.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ хабар дода, ки дар Қазоқистон заминларза рух додааст. Маркази заминларза дар 40-километрии шаҳри Алмато ва шиддати он дар шаҳр 4,5 балл будааст.

XS
SM
MD
LG