Бо ин ҳол, нигарониҳое дар мавриди таъсири иҷрои ин тамринҳо ҳангоми дарсҳо, дар ҳавои сард ва зери барфу борон матраҳ шуда аст.
Алорағми ин ки масъулони роҳпаймоӣ ё ба истилоҳ “маршировка” иҷозаи наворгириро надоданд, муваффақ шудем аз масофаи дур чанд навор бигирем ва бо ду донишҷӯ ҳамсуҳбат шавем.
Дар ин муддат шоҳиди ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор кардани ҷавоне шудем, ки вазъаш бад шудааст ва ӯро ба бемористон интиқол доданд.
“Тӯли як ҳафта шуд мо дар маршировка ҳастем. Аз соати 8 то 12-и нимрӯзӣ. Баъд аз нимрӯзӣ ҳам дигар донишгоҳҳо маршировка мекунанд. То бистуми март идома мекунад. Ҳаво хунук аст, вале чи илоҷ, маҷбурем, стипендия медиҳанд аз тарафи маршировка,”—гуфт як тан аз донишҷӯён.
Донишҷӯи дигар гуфт: “Дастгириашон дар сатҳи олӣ аст. 300 сомонӣ стипендия медиҳанд. Се маҳал ғизо медиҳанд ва ҷойи хоб ҳам дар ин муддат бепул аст. Ҳамааш аз тарафи давлат. Нафароне, ки дар маршировка ҳастанд, аз дарс озод шудаанд.”
Вазири Маориф ва илми Тоҷикистон, Саидзода Раҳим, дар нишасти ахири матбуотии таъкид карда буд, ки “маршировкаҳо” танҳо дар вақти берун аз дарс баргузор мешаванд.
“Боиси хушбахтии мардуми тоҷик аст, ки ҷашни Наврӯз ҷашни байналмилалӣ шудааст. Тасмими вазорат ҳаст, ки ҳатто агар ҷабр ҳам шавад, ба маршировка танҳо донишҷӯён берун аз дарс ҷалб карда шаванд. Дарс ҳеҷ вақт канда намешавад. Дар вақти баргузории чунин маросимҳо ҳисси миллии мо бояд аз ҳама баланд бошад,”—гуфт ӯ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Мақомот ҳамеша аз баргузории тамрин барои раҳпаймоӣ ба муносибати ин ё он ид пуштибонӣ мекунанд. Ҳатто Обид Назариён, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон тамрин барои раҳпаймоиҳоро "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон" хонда буд.
Коргардони синамо Искандар Усмонов бар ин аст, ки ин тамринҳоро тавре роҳандозӣ кунанд, ки барои ҷавонон мушкилие дар раванди таҳсил эҷод нашаваду ба тандурустии онҳо зиён нарасад.
Мунтақидон мӯътақиданд, ки "маршировка" як ёдгорӣ аз даврони шӯравӣ аст ва бояд аз он даст кашид.
Ҳатто баҳори соли 2020 мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши бемории ҳамагири COVID-19 низ баргузории маршировкаҳоро манъ накарда буданд.