Дар навор дида мешавад, хонанда ба ҷояш баргашта менишинад, вале омӯзгор латтукӯби ӯро идома медиҳад.
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии вилояти Хоразми Узбекистон хабар дода, ки ҳодиса дар мактаби рақами 36-и ноҳияи Хонқа рух додааст. Дар раёсат гуфтанд, ҳодисаро тафтиш мекунанд.
Хабаргузории "Gazeta.uz" бо истинод ба Вазорати маорифи Узбекистон иттилоъ дода, ки видео 23 феврал сабт шудааст.
Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро тафтиш мекунанд ва қазия таҳти назорати додситони Хоразм аст.