Мақомот расман ҷорӣ шудани “лимит”-ро дар маркази ҷумҳурӣ тасдиқ намекунанд. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук се рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст.
Рӯзи 28-уми феврал ду дафъа ба Шабакаҳои барқи Душанбе занг зада, дар бораи набудани барқ пурсидем. Навбатдор гуфт, бо сабаби кам будани об дар обанбори “Норак” бо навбат “барқ дар минтақаҳои пойтахт қатъ мешавад.”
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз маълум нест, ки маҳдудият то кай давом мекунад. Назари навбатдори Шабакаҳои тақсимоти барқ дар бораи камбуди об дар ҳолест, ки дар аввали моҳи феврал масъули нерӯгоҳ гуфта буд, об дар обанбор назар ба соли гузашта бештар аст.
Ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз вазъро шарҳ надодааст.
Шикоятҳо аз набудани барқ дар пойтахт аз аввали ҳафта зиёд шудааст. Садафмо Сафарова ва шавҳару панҷ фарзандаш, дар баландошёнае дар канори бозори “Корвон”-и Душанбе зиндагӣ мекунанд. Мегӯяд, як сол пеш бо умеди зиндагии беҳтар ин хонаро харид ва ба пойтахт кӯчид. Бебарқӣ ӯ ва оилаашро дар миёни чор девори бетонӣ, дар шароити сахт гузоштааст.
“Шаб барқ қатъ мешавад. Духтарам ҳарорат дорад, ба мактаб рафта наметавонад. Телефонҳоро бурда, дар ҷойи дигар қувва мемонем, то ба воситаи он пеши поямонро бинем. Агар дар деҳа бошед, оташ рӯшан карда, кӯдакро гарм мекунед, дар инхел аҳвол дар шаҳр кӯдак бемор мешавад,” – нақл кард ӯ.
Ба ғайр аз Садафмо сокинони дигари биноҳои баландошёна дар канори бозори “Корвон” мегӯянд, бе барқ на об доранд ва на лифт кор мекунад. Сокинон гуфтанд, вақте барқ шабона қатъ мешавад, дигар намедонанд, ки хонаҳоро бо чӣ гарм кунанд.
Баъзе аз сокинон барои гарм кардани манзил маҷбуранд роҳҳои хатарнокро истифода баранд. Аз ҷумла, дар навори фиристодаи як сокини ноҳияи Шоҳмансур дида мешавад, ки ӯ аз балони газ истифода мебаранд. Ҳарчанд дар баландошёнаҳо истифодаи балони газ мамнуъст. Сокинон мегӯянд, илоҷи дигар надоранд.
Шикоятҳо аз қатъи барқ тақрибан аз ҳама минтақаҳои Душанбе мерасад. Он ҳам дар рӯзҳое, ки дар пойтахт сардӣ ҳукмфармост. Тибқи пешбинии ҳавошиносон, ин сардиҳо ҳадди ақал то 4-уми март идома мекунанд.
“Лимит” ва камбуди барқ аз мушкилиҳои асосӣ барои сокинон дар тирамоҳу зимистон аст. Сокинони деҳаҳои Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи сентябр ба таври маҳдуд барқ мегиранд. Ин мушкил имсол ба Душанбе ҳам кӯчид.
Тоҷикистон бо вуҷуди захираҳои бузурги обӣ натавонистааст камбуди барқро аз байн барад. Мақомот айбро ба кам будани бориш рабт медиҳанд. Бархе сабабро фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя медонанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: