Ин пешниҳод рӯзи 26 феврал ба баррасии умум гузошта шудааст.
Пешниҳоди мазкур бо он асоснок шудааст, ки сарфи назар аз он ки қонун барои ҳифзи сиҳатии мардум, замин, иншооти обӣ, муҳити ҳайвоноту наботот равона шуда буд, "иҷрои он пайомадҳои манфии буҳронҳои байналхалқӣ ва миллиро барои иқтисоди миллӣ ва рушди кишвар дар маҷмуъ амиқтар кардааст".
Пештар аз ин президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳам гуфта буд, ки қонуни манъи коркарди конҳои уранро дар кишвараш бекор хоҳанд сохт.
Ба гуфтаи вай, дар кони Қизил-Омпол наздики 14 млн 757 ҳазор тона маъдан мавҷуд аст. Аз он 95%-ро титаномагнетит, 3%-фосфор, 2%-ро сирконий, 0,22%-ро торий ва 0,17%-ро уран ташкил медиҳад.