Тазоҳуроти инфиродии Тойшибек дар кӯчаи Панфилов, назди истгоҳи метрои "Жибек жолы" ҳудуди як соат идома сурат гирифт. Ӯ лавҳаеро бо навиштаи "Бонувон чӣ мехоҳанд? Бонувон роҳпаймоӣ мехоҳанд. Бигузор роҳпаймоӣ баргузор шавад" дар даст дошт.
Тойшибек қаблан тавассути сомонаи "eOtinish" мақомотро аз баргузории тазоҳуроти инфиродии худ огаҳ карда буд.
Бонуфони фаъоли Қазоқистон талош доранд, дар Рӯзи байналмилалии занон раҳпаймоиеро таҳти унвони "Озодӣ ва амният ба занони Қазоқистон" баргузор кунанд. Мақомоти Алмато соли гузашта ба баргузории чунин раҳпаймоӣ иҷозат надода буданд.