Дар пулиси Иссиқкул ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳалокшудаҳо 29, 30, 42 ва 46-сола буданд.
Ба иттилои пулис, 23 шаҳрванди Чехия 25 феврал барои лижаронӣ ба ду гуруҳ тақсим шуданд. Гуруҳе, ки аз 14 нафар иборат буд, зери тарма монд. 10 нафар тавонистанд, аз зери барф берун оянд. Ҷасади чаҳор тани ҳалокшударо ба сардхонаи Қаракӯл бурдаанд.
Пулис дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз карда, ташхиси судӣ-тиббӣ таъйин шудааст.