Наздикони фавтидаҳо аз президент хостаанд, ки барои насби лавҳаи ёдгорӣ дар маркази шаҳри Қарағанда мусоидат кунад.
Наздикони нақбканҳо гуфтаанд, зидди насби лавҳа дар наздикии нақбе ҳастанд, ки пайвандонашон онҷо фавтиданд.
Шаби 28 октябри соли 2023 дар нақби ба номи Костенко дар Қарағанда оташ ва таркиш рух дод. Дар натиҷа 48 нақбкан фавтид. Дар Қазоқистон дар робита ба он ҳодиса мотами миллӣ эълом шуд.