Дар ин бора дар сомонаи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии вазорати молияи ИМА хабар дода шудааст.
Дар хабари вазорат гуфта нашудааст, ки чаро ширкати мазкурро шомили таҳримҳо кардаанд.
ИМА рӯзи 23 феврал дар робита ба марги мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний ва солгарди дувуми ҳамлаи густарда ба Украина нисбати Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард.
Дар таҳримҳои нав ширкати Da Group 22 дар Қазоқистон, Elem Group ва "Ukon" дар Қирғизистон низ шомил шудаанд.
Da Group 22 ва Elem Group ба тиҷорати яклухти дастгоҳҳо ва қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои телекоммуникатсионӣ машғул аст.
Вазорати молияи ИМА мегӯяд, ширкати қирғизистонии "Ukon" ба ирсоли қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо ба Русия машғул аст.