Дар ин бора сухангӯи вазорати энержии Узбекистон Ҳасан Тошхоҷаев хабар дод.
Дар вазорати энержии он кишвар гуфтанд, то муътадил шудани вазъ мумкин аст, дар интиқоли неруи барқ ба сокинон маҳдудият ҷорӣ шавад.
Пештар расонаҳои Узбекистон хабар дода буданд, ба далели камбуди энержӣ дар он кишвар маҳдудият ҷорӣ шудааст. 18 феврал норасоии энержӣ дар он кишвар 6,4 млн кВт/соатро ташкил додааст.