Ссылки доступа

Корхонаи тилошӯйии Ховалинг аз барқ қарздор шудааст (гулчин)


Гул, Великобритания.
Гул, Великобритания.

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Корхонаи тилошӯйии Ховалинг аз барқ қарздор шудааст. Қарзи корхонаи тилошӯйӣ аз хадамоти барқи Ховалинг ба 3 миллион сомонӣ баробар шудааст. Чӣ гуна?(видео)

- Чаро баъзе аз тоҷиконро ба Туркия роҳ надоданд? Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Истанбул дар боздошт ҳастанд. Аз Тоҷикистон ба нияти саёҳату тиҷорат ва рафтан ба кишвари севум рафтаанд, вале марзбонҳои Туркия иҷозаи вуруд надоданд. Қарори ихроҷи онҳо баромадааст (видео)

- Тоҷикистон бо "Толибон" гуфтушунид дорад?Пажуҳишгоҳи швейтсарии умури ҷаҳонӣ ё Swiss Institute for Global Affairs рӯзи 21-уми феврал навишт, “Толибон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон миёнарави гуфтушуниди онҳо бо ҷамоати “Ансоруллоҳ” шудаанд. “Ансоруллоҳ”, ки асосан аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷик таркиб ёфтааст, дар хоки Афғонистон фаъол аст. (видео)

- Гумруки Тоҷикистон мегӯяд, "телефони мобилии қочоқӣ нахаред!". Моҳҳои ахир,масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо ба мавзӯи баҳс табдил шудааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд. (видео)

- "Се мард писарамро ба комиссариат бурдаанд". Волидони ду ҷавон дар вилояти Суғд иддао доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро “ғайриқонунӣ” ба артиш бурдаанд ва бояд раҳо кунанд. Баҳс ба Додгоҳ кашида шудааст, аммо додраси зинаи аввал посухи рад дода (видео)

- Баъзе ширкатҳоро аз имтиёзи бепоён маҳрум мекунанд? Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод. Бо талаби баъзе аз созмонҳои молии байнулмилалӣ, маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати тақдими имтиёз на бештар аз панҷ сол хоҳад буд. (видео)

- Барфи деринтизор ҳосили имсоларо аз байн мебарад? Сардӣ ва барфрезии “деринтизор” дар Тоҷикистон кишоварзонро нигарон кардааст. Бахусус, дар минтақаҳое, ки баъзе аз дарахтон гул карда буданд (видео)

- Ҳукми раиси пешини як Додгоҳ дар Тоҷикистон. Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар вилояти Суғд бо гуноҳи ришвагирӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Сухан аз Насрулло Садриддинзода меравад. Ӯро баҳори соли 2023 дастгир карда буданд. (видео)

- Харидорони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон афзудааст. (видео)

- Ҷасади Алексей Навалний дар куҷо аст? (видео)

- Ҷабборов расман эътироф кард, ки ба маблағи $20 млн дороӣ дорад. (видео)

- Дар Бӯстон барои пешгирӣ аз беобӣ чора андешиданд. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои пешгирӣ аз эҳтимоли камобиву хушк шудани зироатҳои кишоварзон як обанборро дигарбора таъмир ва пур кардаанд. Кӯле, ки бо номи Комсомол дар Бӯстон шинохта мешавад, солҳои зиёд хушку ғайриқобили истифода буд. (видео)

- Мактаби паноҳҷӯёни афғонро дигарбора боз карданд. Ягона мактаби муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон пас аз саргардониҳои зиёд, ҷойи дигар пайдо кард. Дари ин мактабро, ки садҳо нафар таҳсил мекунанд, чанде пеш ба сабаби напардохтани пули иҷораи бино бастанд (видео)

- Вазир таркиши Кӯлобро амали террористӣ номид. Бо гузашти беш аз як моҳ аз таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомоти Тоҷикистон расман онро "амали террористӣ" хонданд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин ҷиноятро "гурӯҳи муташаккил содир кардааст". (видео)

- Бонки Миллӣ гуфт, сомонӣ зиёд беқурб нашудааст. Бо вуҷуди шикояти пайвастаи сокинон аз болоравии қимати маводи ғизоӣ аз ҷумла нону равған, мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, қурби сомонӣ аз меъёри пешбиникардаи онҳо поин нарафтааст. Таваррум, ки нишондиҳандаи поинравии қурби пули ҳар кишвар аст, ба қавли раиси Бонки миллӣ соли гузашта зиёд набуд. (видео)

- Муовини раиси Восеъро паси панҷара андохтанд. Як сол баъди боздошти муовини раиси ноҳияи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон ахиран ҳукми додгоҳи ӯ содир шуд. Ӯро бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба шашуним соли зиндон маҳкум карданд (видео)

- Дар Душанбе дигарбора масъалаи сатрро бардоштанд. Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қонунгузорӣ пӯшидани ҳеч гуна либос аз ҷумла рӯсариро барои занон манъ накардааст. Аммо баъзе бонувон шикоят доранд, ки сатрпӯшӣ як монеае дар роҳи пайдо кардани ҷойи кор шудааст. (видео)

- Вазири тоҷик гуфт, ки чаро садҳо корхона аз кор монд.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон рушди саноатро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад, садҳо корхона аз кор монда ва ё дахлу харҷашон ба сифр баробар шудааст. Вазири саноат ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар як соли гузашта 426 корхона ҳисоботи сифрӣ пешниҳод карданд (видео)

- Ҷустуҷӯи духтари гумшуда дар Хуҷанд натиҷа надодааст. Мақомоти интизомии вилояти Суғд ва гурӯҳе аз ихтиёриён панҷ рӯз боз наметавонанд, як навраси гумшударо пайдо кунанд. Ба бовари волидайни Сафияхон Раҳматова, духтари 9-солаи онҳо дар дарёи Сир ғарқ шудааст, вале наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, аз ӯ нишоне наёфтанд. (видео)

- Гапи озод: Нишастҳои хабарӣ баҳри огаҳии мардум аст, ё фиреби хабарнигорон? Нишастҳои хабарие, ки дар Тоҷикистон идома доранд, баёнгари чӣ аст? Озодии сухан, ё хок пошидан ба чашми журналистҳо? Бархе хабарнигорон мегӯянд, нишастҳои хабарӣ на маҳалле барои посух гирифтан ба суолҳо шудаанд, балки ба як минбари хондани ҳисоботи хушки вазорату идораҳо табдил ёфтаанд. (видео)

- Фавти Мирзоҳалим Каримов дар Қирғизистон. Мирзоҳалим Каримов, нависанда ва рӯзноманигори зодаи Тоҷикистон, ки баъдан ба Қирғизистон кӯчиду дар онҷо кору зиндагӣ кард, 26-уми январи имсол даргузаштааст. 72 сол дошт. Муддати зиёде аз беморӣ ранҷ мекашид. (видео)

- Салом хоҳар. Фарзандони зани дувум фарзанд нестанд? Дар барномаи имрӯз дар бораи оқибатҳои бади чандҳамсарӣ ва паёмадҳои он барои кӯдакон суҳбат мекунем. Сарнавишти як ҳамсари дуввумро мебинем, ки чаҳор сол боз дар додгоҳ кашмакаш дорад ва ҳам тавсияҳои мутахассисону равоншиносонро мепурсем. (видео)

- Аврупо барои дигарандешони тоҷик дигар паноҳгоҳ нест? (видео)

- Имсол соли писта набудааст. Дар Тоҷикистон тобистони гузашта ҳосили писта хуб набудааст. Камҳосилӣ ба тағйироти иқлим рабт дода мешавад. Аз ин пештар фаровонии писта нархи онро дар бозорҳои кишвар анадаке поён бурда буд (видео)

- Коршиноси ФИФА: "Футболи Тоҷикистон набояд ақиб монад". Ҷой гирифтан дар миёни 8 дастаи пурқуввати Осиё обрӯи футболбозони тоҷикро на танҳо дар дохил, балки хориҷ аз он ҳам боло бурд. Оё тими миллии Тоҷикистон қодир аст, дар оянда низ беҳтар аз ҳоло бошад. Дар бораи ҳамин масъала суҳбате дорем, бо Алишер Аминов мутахассиси варзидаи футбол аз ФИФА. (видео)

- "Шаҳодатномаи 4-миллионӣ". Ба нафъу ба зиёни кӣ? Баръакси масъулони “Тоҷикстандарт”, дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳодатномаи ҳатмӣ барои овардани бензин ба нархи ин наъви сӯзишворӣ бетаъсир нахоҳад буд (видео)

- Шоҳи Бритониё Карл (Чарлз)-и III ба бемории саратон мубтало шудааст. (видео)

- Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ду афсари умури дохилӣ барои азияти шаҳрванд ҷазо гирифтанд (видео)

- Додгоҳи Суғд баҳси манзилро ба нафъи додситон ҳал кард. Ҷониби мухолиф розӣ нест. (видео)

- Нархи хона дар соли 2023 “андаке гарон” шудааст. Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ҳоло як метри мураббаъ хона қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст. Ин дар ҳолест, ки маоши миёна ҳудуди 2,5 ҳазор сомонӣ (230 доллар) аст (видео)

- Ба раисону вазирони тоҷик чӣ суол доред? Вазирону раисони кумитаҳо ва ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон аз 29-уми январ бо баргузории нишастҳои хабарӣ ба суоли рӯзноманигорон посух медиҳанд. Ин нишастҳо ҳар шаш моҳ як бор мегузаранд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки ба вазирон чӣ суол доранд? (видео)

- Сабабҳои қимат кардани интернетро шарҳ доданд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ кардааст, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо чанд далел мехоҳанд нархи тарофаҳо боло бурда шавад (видео)

- Вазорат гуфт, ҳоло шогирдон ба планшет ниёз надоранд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, истифодаи телефони мобилӣ ва планшет дар мактабҳо иҷозат дода намешавад. Қаблан вазорат тарҳеро омода мекард, ки ба шогирдон чунин иҷозаро медод.

- Мақбараи Ҳоҷӣ Аҳмат Ясавӣ: Дар Туркистони Қазоқистон аз вазъи мақбара нигаронанд (видео)

- «Тартиботи ҷамъиятиро барҳам мезанад». Ҳукумати шаҳри Алмато ба роҳпаймоии занон иҷоза надода (видео)

- Аз ҷанг фирор кард, дар ИМА фавтид (видео)

- Дар Қирғизистон ба таҳрими ширкати "Уральские авиалинии" даъват доранд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG