Созмон гуфтааст, Муродбой, ки дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ гумонбар аст, дар Узбекистон бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мешавад.
Дар изҳороти "HRW" омадааст, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои ахир шоҳиди ҳолатҳои зиёди шиканҷа, бадрафторӣ ва боздошти худсаронаи афроде шудаанд, ки дар содир кардани ҷиноят зидди давлати Узбекистон гумонбаранд.
"Иттиҳоме, ки зидди Муродбой эълом шудааст, беасос мебошад ва бояд бекор карда шавад. Қазоқистон бояд фавран ӯро озод кунад", - гуфтааст пажӯҳишгари калони созмон дар умури Осиёи Марказӣ Мира Ритман.
Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон 15 феврал Оқилбек Муродбойро дастгир кард. Созмони "Freedom for Eurasia" гуфт, фаъоли қарақалпоқистониро бо дархости Тошканд дастгир карданд ва дар ҷараёни боздошташ корманди Вазорати умури дохилии Узбекистон Муҳаммаддин Боймурзоев низ ҳузур дошт.
Мақомоти Узбакистон ӯро дар ҳамла ба сохти конститутсионии давлат ва “таҳия, нигаҳдорӣ, паҳн ё нашри маводе, ки ба амнияти ҷомеа хатар дорад” муттаҳам мекунанд. Худи фаъол ин иттиҳомро туҳмат медонад.