Мудири пешини Оҷонси рушди бахши дорусозии Узбекистон Сардор Қариев 18 сол, муовинонаш Амирхон Азимову Нодирбек Мусоев 16-солӣ ва мудири пешини ширкати "Quramax Medikal" Рагвендра Пратар 20 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Айбдоркунандаи давлатӣ 12 феврал барои мудири пешини Оҷонси рушди бахши дорусозии Узбекистон 18 сол ва барои муовинонаш 16 соли зиндон талаб карда буд.
Худи Қариев дар додгоҳ гуфта буд, ӯро айбдор мекунанд, ки дастур додааст, доруи "Док-1 Макс" санҷида нашавад. "Чунин набуд ва ман чунин дастуре надодаам", - изҳор дошт вай.
Дар Узбекистон моҳи декабри соли 2022 ҷамъан 69 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Док-1 Макс”, ки аз сӯи ширкати "Marion Biotech" истеҳсол мешуд, ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.
Хадамоти амнияти Узбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.