"Ин филмро ду сол ба навор гирифтем. Ба 12 шаҳри Қазоқистон рафтем ва аз ҳамаи минтақаҳои аҳолинишине, ки маъмурони пулис ба сӯи сокинон оташ кушодаанд, боздид кардем. Дар натиҷа як филми чорсоатӣ таҳия шуд", - навиштааст рӯзноманигор дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм.
Ба гуфтаи ӯ, филм аз ду қисм иборат буда, аз ҳисоби пулҳое таҳия шуда, ки сокинон фиристодаанд.
Филм дар саҳифаи "Просто журналистика" дар шабакаи "YouTube" нашр шудааст. Дар қисмати аввали он дар бораи таназзули қудрати президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфта шуда, қисмати дувум дар бораи "чи гуна баҳои ҳангуфт пардохтани ҷомеа" қисса мекунад.
Ибтидои моҳи январи соли 2022 дар минтақаҳои гуногуни Қазоқистон эътирозҳои оммавӣ сар зад, ки ба хунрезӣ печид. Рӯзи 7 январи он сол президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки ба низомиҳо фармони оташкушоӣ додааст.
Бино ба омори расмӣ, дар он ҳодисаҳо 232 кас кушта шуда, шаш тани дигар дар натиҷаи шиканҷа фавтидааст. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, садҳо каси дигарро дар робита ба ҳодисаҳои мазкур зиндонӣ кардаанд. Қазоқистон даъвати ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқиро дар мавриди таҳқиқи муштараки ҳодисаҳои моҳи январ рад кард.