Ссылки доступа

Туркия фаъоли мазҳабии узбек Мубашшир Аҳмадро озод кард


Муассиси сомонаи узбекии “Azon Global” Алишер Турсунов, маъруф ба Мубашшир Аҳмад, ки дар Туркия дастгир шуда буд, 21 феврал аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод шудааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии сафорати Узбекистон дар Туркия хабар додааст.

Турсуновро маъмурони пулиси шаҳри Истамбули Туркия моҳи декабри соли гузашта боздошт карда буданд. Сабаби боздошти ӯ шарҳ дода нашуд ва сафорати узбекистон низ дар ин бора чизе нагуфтааст.

Моҳи августи соли 2023 гуруҳи расонаҳои Azon (сомонаи Azon.uz, радиои онлайнии Azon FM, телевизиони онлайнии Azon TV), ки дар барномаҳои мазҳабӣ таҳия ва пахш мекарданд, аз кор монданд.

Он замон Мубашшир Аҳмад дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки: "Azon.uz ҳамаи тарҳҳояшро қатъ кард, вале сабабашро нагуфт.

XS
SM
MD
LG