Ссылки доступа

Давомот дар мактабҳои Узбекистонро низомиён назорат мекунанд


Кормандони Горди миллии Узбекистон ба таври санҷишӣ дар 1000 мактаби ин кишвар, ки хонандагонаш бештар ба дарсҳо ҳозир намешуданд, рейд гузаронидаанд.

Дар натиҷаи рейдҳо, ки бо дастури президенти Узбекистон сурат гирифтаанд, маълум шудааст, сабаби асосии нарафтани хонандагон ба дарсҳо “набудани пул барои либос, лавозимоти мактабӣ, роҳкиро ва норасоии омӯзгорон будааст”.

Бино ба иттилои расмӣ, Горди миллии Узбекистон мушкилиҳои мазкурро дар мактабҳое, ки рейд гузаронида шудааст, ҳал хоҳад кард.

Фаъолони маданӣ дар Узбекистон бар инанд, ки ҷалби низомиён ва истифода аз нерӯ дар ҳалли мушкилоти соҳаи маориф натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

Кормандони Горди миллии Узбекистон ба раванди ислоҳи таҳсилу фарҳанги мактаббачаҳо бо ташаббуси президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев ҷалб шудаанд.

Қаблан Мирзиёев гуфта буд, ки нозирони равоншинос дар мактабҳои миёна, ки дар гузашта аз Вазорати умури дохилии Узбекистон таъйин мешуданд, минбаъд аз Горди миллӣ баргӯзида мешаванд.

XS
SM
MD
LG