Додситонӣ баъди муроҷиати видеоии як афсар тафтишро шуруъ кард. Афсар Жилдиз Асанакунова рӯзи 6 феврал дар бораи корҳои ғайриқонунии чанд масъул хабар дод.
Ҳамакнун додситонӣ фармондеҳи қисми низомӣ, муовини вай, як афсар ва як соҳибкори инфиродиро боздошт кардааст. Нисбати онҳо бо моддаҳои "Сӯистифода аз мақоми хидматӣ", "Азхудсозӣ ва ё исрофи амволи дар ихтиёрдошта" ва ғайра парванда боз кардааст.
Жилдиз Асанакунова дар шикояташ аз латту кӯби сарбозон ва сифати бади ғизо нақл карда буд.