Аксари хабарнигорони кушташуда ё 72 нафар фаластиниҳое будаанд, ки дар пайи ҳамлаи Исроил дар навори Ғазза ба қатл расидаанд. 22 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо дар 18 кишвари дигар кушта шудаанд.
Гузориши Кумитаи Дифоъ Аз Хабарнигорон (CPJ) дар ин бора рӯзи 15-уми феврал нашр шуд. Ба ҳисоби ин созмон соли 2023 ба фарқ аз як соли пеш куштори хабарнигорон 44 дар сад бештар шудааст. Таҳқиқ муайян кардааст, ки дар 78 маврид журналистон ҳангоми иҷрои фаъолияти касбии худ фавтидаанд.
“Талафоте бузурге, ки хабарнигорони фаластинӣ дар ин ҷанг дидаанд, барои журналистика дар минтақа ва берун аз он дар дарозмуддат пайёмадҳои фалокатборе хоҳад дошт. Марги ҳар як хабарнигор як зарбае ба сулҳ аст,”- гуфт, Ҷодӣ Гинзбек, раҳбари кулли Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон
Ин созмон аз ҳамлаи Исроил ба хабарнигорон нигаронӣ ва талаб кардааст, ки ҳар як ҳолати қатли рӯзноманигорон ба таври шаффофу мустақил таҳқиқ шавад. Дар гузориш бо такя ба пажӯҳише таъкид шудааст, ки низомиёни исроилӣ огоҳона хабарнигоронро ҳадаф қарор додаанд. Ин амал ба таъкиди муаллифони гузориш ҷиноятӣ ҳарбӣ аст.
Чунин ҳарф алайҳи Исроил қаблан ҳам садо дода буд.
Пештар як намояндаи ин кишвар гуфта буд, ки нерӯҳои Исроил ҳаргиз барқасдона хабарнигоронро нишон намегиранд.
Созмони ҳомии ҳуқуқи журналистон аз он нигаронӣ кардааст, ки дар бисёр маврид қазияи куштори хабарнигорон то охир таҳқиқ намешаванд ва гунаҳкорон беҷазо мемонанд.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар гузориши нави худ гуфтааст, агарчӣ дар кишварҳои дигар ба фарқ аз Исроилу Ғазза куштори хабарнигорон дар соли гузашта камтар буд, аммо ин ба маънои беҳтар шудани вазъи онҳо набуда, ҳамоно рӯзноманигорон мавриди таъқибу таҳдид қарор мегиранду зиндонӣ мешаванд. Шумори чашмраси онҳо дар соли 2023 зери таҳдиду фишори мақомот тарки хона ва касб кардаанд.
Дар гузориши навбатии Кумита аз Тоҷикистон ёд нашудааст, аммо моҳи январ ин созмон ҳукумати Тоҷикистонро барои бештар аз дигарон ба зиндон андохтани хабарнигорон дар Осиёи Марказӣ танқид карда, гуфта буд: “Тоҷикистон бо ҳафт рӯзноманигори зиндонӣ ҳамоно дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.”
Хабарнигорону блогерон Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов аз 7 то ба 7.5 сол, Хушом Ғулом – 8 сол, Далери Эмомалӣ – 10 сол ва Улфатхоним Мамадшоева – 20 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ҳукми ҳамаи онҳо дар солҳои 2022 ва 2023 содир шудааст.
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст қаблан низ дар робита ба боздошти дигар хабарнигорони тоҷик нигаронӣ карда, хостори озодии онҳо шуда буд.