Ссылки доступа

Шоҳиён: Парвандаи муаллифони "Ҳаводиси рӯзгори ман" махфӣ нест, "толори муносиб надорем"


Холикзода
Холикзода

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон далели асосии дар СИЗО ё Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудани мурофиаи муаллифони китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро ба набудани "толори муносиб" дар бинои Додгоҳи олӣ рабт дод.

Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, "ин парванда ва низ парвандаи раиси пешини ширкати "Тоҷик Эйр" махфӣ нестанд, ягон сиррӣ давлатӣ надоранд ва дар ҷаласаҳои ошкорои додгоҳӣ баргузор мешаванд".

Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, "бинобар реҷаӣ будани СИЗО, на ҳама метавонанд ширкат кунанд".

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар идома афзуд, ки баррасии парвандаи муаллифони китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" ба охир расидааст ва рӯзҳои наздик додгоҳ ба хонаи машваратӣ меравад.

Мурофиаи додгоҳии парвандаи муаллифони китоби "Ҳаводиси рӯзгори ман" рӯзи 19-уми январ оғоз шуда буд. Он замон дар боздоштгоҳ бо такя ба дастури додраси парванда гуфтанд, ки "ҳузури хабарнигорон иҷоза нест".

Ҳамин тавр, муҳокимаи соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр Граф" Сӯҳроб Раҷабзода дар Боздоштгоҳи муваққатӣ паси дарҳои баста ва бе ҳузури хабарнигорон мегузарад.

Баъзе аз коршиносон мурофиаи “пӯшида”-ро бар хилофи шартҳои муҳими таъмини адолати додгоҳӣ медонанд.

Муаллифи "Ҳаводиси рӯзгори ман" Абдухалил Холиқзода дар моҳи августи 2023 боздошт шуд. Нависанда ва адабиётшиноси шинохта Абдуқодири Рустамро, ки Додситонии кул "муҳаррири китоб" меномад, низ дар ҳамон моҳ дастгир карданд. Дертар алайҳи мудири нашриёти “Эр-Граф” Сӯҳроб Раҷабзода парванда боз шуд. Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар ҳамин ҷо нашр шуда буд.

Ҳарсе ба “барангехтани кинаю адовати миллӣ ва маҳалгароӣ" (қисми дуи моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам ҳастанд. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

То кунун баъзе аз мансабдорону намояндагони идораҳои давлатӣ нашри "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро танқид карда, мақомот нусхаҳои онро аз китобфурӯшиҳо бардоштаанд.

Дар айни замон, баъзе аз дигарандешон ва намояндагони мухолифон дар хориҷа боздошти соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва нависанда Абдуқодири Рустамро танқид карданд. Онҳо рафтори мақомотро бахши дигаре аз фишору саркӯби озодии баён дар Тоҷикистон донистанд.

XS
SM
MD
LG