Ба ин тартиб, зани 33-солае дар ноҳияи Гулистони он кишвар ҳангоми фурӯши навзодаш боздошт шудааст. Вай рӯзи 30 январи имсол таваллуд карда, мехост, кӯдакашро дар ивази 40 ҳазор доллар фурӯшад.
Дар ҳодисаи дигаре зани 30-солаи сокини Термиз боздошт шудааст, ки мехост, навзодашро дар ивази 2 ҳазор доллари ИМА фурӯшад. Вай ҳангоми гирифтани маблағ боздошт шудааст.
Дар Тошканд зани 26-соларо боздошт кардаанд, ки мехост, писари 6-солаашро бар ивази 3 ҳазор доллар фурӯшад.
Сокини 29-солаи Намангон розӣ шудааст, ки писари 10-солаашро дар ивази 18 ҳазор доллар фурӯшад ва ҳангоми гирифтани маблағ боздошт шудааст.
Нисбати ҳамаи онҳо бо моддаи "фурӯши одам" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.