Ссылки доступа

Пули "утилизатсия"-и мошинҳо як миллиард сомонӣ мешудааст


Рӯзноманигорон ҳисоб кардаанд, ки аз ҳисоби андоз барои нобуд кардани нақлиёт ё “утилизатсия”, буҷаи Тоҷикистон метавонад қариб як миллиард сомонӣ дарёфт кунад.

Сомонаи таҳлилии Cabar.asia дар гузорише навиштааст, то моҳи апрели соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 577 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳисоби ин расона, “дар сурати ситонидани андоз аз ин миқдор мошин, ба буҷаи кишвар бояд ҳудуди миллиард сомонӣ (91 миллион доллар) ворид шавад.”

Манбаъ менависад, ин маблағ 2,3 дарсади тамоми даромади буҷаро ташкил медиҳад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон охири моҳи декабри соли гузашта санадеро тасвиб карданд, ки аз ҳар нақлиёт дар кишвар андози нав барои нобуд ё маҳв кардан гирифта мешавад.

Ин навъи андоз барои мошинҳои сабукрав ва мусофирбарҳои хурду калон – 1584 сомонӣ, барои мошинҳои боркаш ва махсус – 2880 сомонӣ, барои мототсиклҳо – 360 сомонӣ муайян шудааст. Мақомот мегӯянд, ин андоз аз ҳар нақлиёт як маротиба ситонида мешавад.

Аммо бархе ронандагон ин навъи андозро гарон гуфтанд. Як мутахассис ба сомонаи Cabar.asia гуфтааст, қабл аз ҷорӣ кардани ин андоз “пеш аз ҳама бояд худи тартиби нобудсозӣ коркард мешуд.” Коршинос Нур Сафаров гуфтааст, дар кишварҳои пешрафта, чунин навъи андоз танҳои баъди ба партовгоҳ бурдани мошин ситонида мешавад.

XS
SM
MD
LG