Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон шикори сайгакро манъ карданд


Танзими теъдоди сайгакҳо дар Қазоқистон, ки тирамоҳи соли гузашта эълом шуда буд, ҳоло муваққатан манъ шудааст. Дар ин бора вазири муҳитзистӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон Ерлан Нисанбоев хабар додааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, манъи танзим ба хотири наздик омадани мавсими наслдиҳии сайгакҳост.

Арман Кужахметов, як мақомдори бахши муҳитзистии Қазоқистон гуфт, манъи шикори сайгакҳо аз 9 феврал шуруъ шудааст. Вай гуфтааст, давоми як моҳ - аз 10 январ то 9 феврали соли ҷорӣ дар он кишвар 9 ҳазору 120 сайгак шикор шудааст.

"Ман фикр мекунам, шикор дубора тарамоҳ иҷоза мешавад. Сабаби манъи шикор - ду моҳ баъд мавсими наслдиҳии сайгакҳо оғоз мегардад. Ба ин хотир мумкин нест", - гуфт Арман Кужахметов.

Мақомоти Қазоқистон тирамоҳи соли гузашта шикори сайгакҳоро баъди он иҷоза доданд, ки бисёре аз кишоварзон шикоят карданд, афзоиши сайгакҳо ба зироат ва чарогоҳо зиён овардааст. Дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ, ки теъдоди зиёди сайгакҳо онҷо мавҷуд ҳастанд, тасмим гирифта шуд, 226 ҳазор сайгак нобуд карда шавад.

Дар моҳҳои октябр-декабри соли 2023 дар он вилоят на камтар аз 20 ҳазор сайгак шикор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG