Ссылки доступа

Мансабдори "Толибон"-ро баъди сафир шудани писараш дар хешутаборбозӣ айбдор карданд


Маулави Шахабуддин Делавар (справа), нынешний министр горнодобывающей промышленности и нефти Афганистана.
Маулави Шахабуддин Делавар (справа), нынешний министр горнодобывающей промышленности и нефти Афганистана.

Мансабдори баландмақоми ҳукумати "Толибон"-ро баъди дар Узбекистон сафир таъйин шудани писараш дар хешутаборбозӣ ё "непотизм" айбдор карданд.

Мавлавӣ Мағфуруллоҳ Шаҳоб - писари хурдии Мавлавӣ Шаҳобуддин Диловар, вазири саноати куҳӣ ва нафти Афғонистон, ба иҷрои вазифаҳои сафири Афғонистон дар Тошканд рӯзи 4 феврали имсол шуруъ кард.

Руҳҳуллоҳ Шаҳоб, писари калонии Диловар, дар дастгоҳи муовини сарвазири ҳукумати "Толибон" мақоми баланд дорад. Домоди Диловар дар низоми мудирияти Афғонистон низ мақоми калидӣ дорад.

Ба навиштаи Абубакр Сиддиқ, коршиноси бахши афғонии Радиои Озодӣ менависад, таъйини писари Диловар ба мақоми сафирӣ дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки ҳукумати "Толибон" мегӯяд, зидди фасод ва хешутаборбозӣ ҳастанд.

Соли гузашта Ҳайбатулло Охундзода, роҳбари олии ҳаракати "Толибон" бо содир кардани фармоне вазирон ва дигар роҳбарони раддаҳои аввалро аз таъйини хешовандонашон ба мақомҳои давлатӣ манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG