Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқистонӣ Муҳаммадкаримро пушти дарҳои баста муҳокима мекунанд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 12 феврал муҳокимаи рӯзноманигор ва фаъоли ҷамъиятӣ Думан Муҳаммадкарим шуруъ шуд. Хабарнигоронро ба додгоҳ роҳ надоданд.

Додгоҳ дархости додситониро дар бораи пушти дарҳои баста баргузор шудани муҳокимаро қонеъ кард.

Вакили мудофеи Муҳаммадкарим аз додгоҳ хост, ки ӯро ба ҳабси хонагӣ интиқол диҳанд. Додгоҳ ин дархостро рад кард.

Пештар аз ин созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар мақомоти Қазоқистонро барои таъқиби танқидгарони ҳукумат маҳкум кард.

Ин созмон, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷойгир аст, гуфт, Остона бояд мафҳуми "экстремизм"-ро дар қонунгузории кишвар мушаххастар намояд ва аз истифодаи ин модда барои таъқиби танқидгарон худдорӣ варзад.

Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG