Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон изҳороти котиби давлатии ИМА-ро "дахолат ба умури дохилӣ" номид


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба номаи котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен посух дод. Блинкен пештар дар мавриди тарҳи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Посухи Ҷабборов рӯзи 12 феврал нашр шуд.

Ҷабборов дар номаи ҷавобӣ гуфтааст, ки изҳороти Блинкен "нишонаҳои дахолат ба умури дохилии кишвари моро дорад". Президенти Қирғизистон илова кардааст, қисме аз созмони ғайридавлатии мавҷуда на танҳо аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо кумаки молӣ мегиранд.

Ҷабборов гуфтааст, консепсияи тарҳи қонун "дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар Қирғизистон бо консепсияи қонуни амалкунандаи ИМА дар бораи сабти агентҳои хориҷӣ, ки бо номи FARA маъруф аст, шабоҳат дорад.

"То ҷое ба мо маълум аст, дар қонуни FARA на танҳо ВАО агенти хориҷӣ эътироф мешаванд, балки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дигар ҳам агенти хориҷӣ эътироф мешаванд. Барои вайрон кардани ин қонун на танҳо ҷазои маъмурӣ, балки ҷазои ҷиноӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Дар ин робита ин савол сар мезанад: чаро барои шумо иҷоза аст, барои мо не?", - омадааст дар номаи ҷавобии Ҷабборов.

Дар бораи номаи Блинкен ба Ҷабборов расонаҳо 7 феврал хабар дода буданд. Блинкен дар номааш аз эҳтимоли қабул шудани тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буд. Худи нома ҳанӯз 17 январ ба Ҷабборов ирсол шудааст.

То номаи Блинкен созмони дигари байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди Аврупо ва созмони ҳомии ҳуқуқ Human Rights Watch низ аз тарҳи қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ карда буданд.

Айни замон ин тарҳ дар порлумони Қирғизистон дар ҳоли баррасӣ аст.

XS
SM
MD
LG